25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
29.04.2026 17:51

Созмони Милал: Афғонистон поинтарин сатҳи саводи занонро дар ҷаҳон дорад

Созмони Милал бо ишора ба гузориши ЮНИСЕФ гуфта аст, ки Афғонистон яке аз поинтарин сатҳҳои саводи занонро дар ҷаҳон дорад.

Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милал, рӯзи сешанбе, 29-уми апрел дар як конфронси хабарӣ ба нақл аз ЮНИСЕФ гуфта аст, ки мумкин аст Афғонистон то соли 2030 ҳудуди 20 ҳазор муаллим ва 5 ҳазору 400 корманди тандурустиро ба далели маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон аз даст бидиҳад.

Дюжаррик афзуда аст, ки мамнуъияти омӯзиш ва кори занон аз сӯи Толибон ҳамчунон идома дорад.

ЮНИСЕФ мегӯяд ин маҳдудиятҳо ҳоло ҳам солона ҳудуди 84 миллион доллар зиёни иқтисодӣ барои кишвар ба ҳамроҳ дорад.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, як миллион духтар аз омӯзиш маҳрум шудаанд ва то соли 2030 эҳтимол дорад беш аз ду миллион нафар аз омӯзиш маҳрум шаванд.

Созмони Милал ҳамчунин, ба даргирӣ миёни Толибон ва Покистон ишора карда ва афзуда, ки ҳамлаи Покистон бар Кунар ҳафт кушта ва 79 захмӣ, шомили 13 зан ва 32 кӯдак бар ҷо гузоштааст.

Тибқи гузориш, то кунун беш аз 100 ҳазор нафар дар натиҷаи ин даргириҳо беҷо шудаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.