25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
28.04.2026 08:32

ЮНИСЕФ: Афғонистон то соли 2030 бо камбуди 25 ҳазор корманди зан дар бахшҳои омӯзиш ва тандурустӣ рӯбарӯ мешавад

Хазинаи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳушдор додааст, ки идомаи маҳдудиятҳо бар омӯзиши духтарон ва кори занон дар Афғонистон метавонад ин кишварро то соли 2030 бо камбуди беш аз 25 ҳазор муаллим ва корманди зан дар бахши тандурустӣ рӯбарӯ кунад.

Дар гузориши тозаи ЮНИСЕФ, ки 28-уми апрел нашр шудааст, омада, ин маҳдудиятҳо ҳамакнун низ кӯдаконро аз омӯзиш ва хидматрасониҳои тандурустӣ маҳрум карда ва бар иқтисод таъсири манфӣ гузоштааст.

Бар асоси гузориш, беш аз як миллион духтар аз замони мамнуияти омӯзиш тавассути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021 аз ҳаққи омӯзиш маҳрум шудаанд ва дар сурати идомаи ин вазъият, ин рақам то соли 2030 ба беш аз 2 миллион тан хоҳад расид.

Дар гузориш омада, ки Афғонистон бо як буҳрони дугона рӯбарӯ аст: аз як сӯ неруҳои мутахассиси занро аз даст медиҳад ва аз сӯи дигар, имкони тарбияи насли нав барои ҷойгузинии онҳо маҳдуд шудааст.

ЮНИСЕФ гуфта, ки то соли 2030 мумкин аст ҳудуди 20 ҳазор муаллими зан ва зиёда аз 5 ҳазор корманди зани бахши тандурустӣ аз даст бираванд.

Дар ин гузориш ҳамчунин, омадааст, ки коҳиши шумори кормандони зан дар бахши тандурустӣ метавонад дастрасии занон ба хадамоти дармонӣ, ба вижа дар бахши солимии модар ва кӯдакро маҳдуд кунад.

ЮНИСЕФ таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳо бар омӯзиш ва кори занон солона ҳудуди 84 миллион доллар ба иқтисоди Афғонистон зиён ворид мекунад.

Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, маҳдудиятҳои густурдае бар омӯзиш ва кори занон ҷорӣ кардаанд.

Бар бунёди ин маҳдудиятҳо, омӯзиши духтарони болотар аз синфи шашум мамнуъ шудааст ва занон аз кор дар бисёре аз идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатии Афғонистон манъ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.