25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
23.04.2026 11:56

Рӯзи ҷаҳонии китоб ва сензураи шадиди Толибон бар китобҳо дар Афғонистон

Ҳамасола 23-юми апрел дар ҷаҳон ба номи “Рӯзи ҷаҳонии китоб” ёдоварӣ мешавад, аммо гурӯҳи террористи Толибон дар Афғонистон китобҳоро ба гунаи шадид сензура кардаанд.

Мардуми Афғонистон имрӯз, 23-юми апрел аз Рӯзи ҷаҳонии китоб барои тарвиҷи китобхонӣ, ҳимоят аз нависандагон ва ноширон ва афзоиши огоҳӣ дар бораи ҳуқуқи моликияти фикрӣ ёдоварӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон бар китобҳои хилофи андешаҳои ин гурӯҳ сензураи шадид ҷорӣ карда ва онҳоро аз бозорҳо ва марказҳои омӯзишӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Толибон китобҳои нависандагони занро дар Афғонистон мамнуъ эълон кардаанд ва бештари китобҳоеро, ки ба бовари ин гурӯҳ дар бораи демократия, низомҳо ва арзишҳои ғайриисломӣ навишта шудаанд, ҷамъоварӣ мекунанд.

Бар асоси гуфтаҳои расонаҳои Афғонистон, Толибон бар вуруди китобҳо аз мамлатҳои дигар назорати дақиқ доранд ва ба китобҳои хилофи андешаи ин гурӯҳ иҷозаи вуруд ба Афғонистонро намедиҳанд.

Ҳамчунин, пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, ҳимоят аз нависандагон коҳиш ёфта ва бар асоси гузоришҳо, китобхонӣ низ камранг шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.