Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Афзоиши ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афғон аз Покистон. Дидбони ҳуқуқи башар ҳушдор дод
Дидбони ҳуқуқи башар эълом кардааст, ки мақомоти покистонӣ дар пайи ташдиди даргириҳои марзӣ миёни Покистон ва гурӯҳи террористии Толибон, раванди боздошт ва ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афғонро афзоиш додаанд.
Ин созмон шаби сешанбе, 21-уми апрел дар гузорише гуфта, ки полиси Покистон бо иҷрои боздоштҳои худсарона ва ихроҷи иҷборӣ, ҳазорон муҳоҷири афғон, аз ҷумла кӯдаконро бо мушкилоти ҷиддӣ дар дастрасӣ ба хидматрасониҳои саломатӣ, омӯзиш ва дигар хидматрасониҳои асосӣ рӯбарӯ кардааст.
Ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башар, полис дар шаҳрҳои мухталифи Покистон амалиёти хона ба хона ва бозрасиҳои шабона анҷом дода ва шуморе аз афғонҳо, ҳатто афроди дорои раводидро боздошт кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки бисёре аз боздоштшудагон пас аз интиқол ба марказҳои нигаҳдорӣ, ихроҷ шудаанд.
Дидбони ҳуқуқи башар афзудааст, ки дар баъзе мавридҳо, полис аз муҳоҷирон дар баробари раҳоӣ пул талаб карда ва афроде, ки қодир ба пардохт набудаанд, боздошт ва ихроҷ шудаанд.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки бисёре аз муҳоҷирони бозгашта, ба вижа рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар, дар сурати бозгашт ба Афғонистон бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Дар ин гузориш ҳамчунин, омадааст, ки тарс аз боздошт сабаб шудааст бисёре аз хонаводаҳо аз муроҷиат ба марказҳои тандурустӣ худдорӣ кунанд ва бархе кӯдакон низ аз рафтан ба мактаб маҳрум шаванд.
Дидбони ҳуқуқи башар таъкид кардааст, ки ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афғон метавонад нақзи уҳдадории байналмилалии Покистон бошад ва аз ин кишвар хостааст, ки фавран ба ин раванд поён диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”