25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
21.04.2026 10:42

Ҷабҳаи озодӣ муддаии куштани ду ҷангҷӯи Толибон дар Лугари Афғонистон шуд

Ҷабҳаи озодии Афғонистон иддао кардааст, ки дар пайи як ҳамла бар гурӯҳи террористи Толибон дар вилояти Лугар ду ҷангҷӯи ин гурӯҳро кушта ва ду тани дигарро захмӣ кардааст.

Ин ҷабҳа рӯзи сешанбе, 21-уми апрел бо нашри навори тасвирӣ гуфта, ки ин ҳамларо ду шаб пеш дар Бандари Кобул, маркази Лугар анҷом додааст.

Ба гуфтаи ин ҷабҳа, ин ҳамла бар як истгоҳи бозрасии Толибон сурат гирифтааст.

Ҷабҳаи озодӣ гуфтааст, ки ин нахустин ҳамлаи неруҳояш дар Лугар будааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷабҳаи озодии Афғонистон гоҳ-гоҳ масъулияти ҳамла бар Толибонро дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон бар уҳда мегирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.