Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
СҲРА дар як номаи саркушода хостори озодии фаврии се хабарнигори боздоштшуда аз сӯи Толибон шуд
Созмони ҳимояи расонаҳои Афғонистон (AMSO - Afghan Media Support Organization) бо интишори як номаи саркушода ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, хостори озодии фаврии се хабарнигори боздоштшуда аз сӯи гурӯҳи террористии Толибон шудааст.
Ин созмон рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел бо нашри номаи саркушода гуфтааст, ки вазъияти Шакиб Аҳмад Назарӣ, Башир Ҳотиф ва Ҳамид Фарҳодӣ нигаронкунанда аст ва ниёз ба таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Дар ин нома, ки аз сӯи 360 хабарнигор, корманди расона ва фаъоли ҳуқуқи башар имзо шудааст, омадааст, ки ин се хабарнигор танҳо ба далели иттилоърасонӣ ва рӯшан сохтани ҳақиқат боздошт шудаанд.
СҲРА ҳушдор додааст, ки вазъияти ҷисмонӣ ва равонии Башир Ҳотиф ва Шакиб Аҳмад Назарӣ дар боздошт “нигаронкунанда” гузориш шудааст ва идомаи ин вазъият метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дар пай дошта бошад.
Дар ин нома аз гурӯҳи террористии Толибон хоста шудааст, ки ин се хабарнигорро бидуни қайду шарт озод кунанд.
Созмони ҳимояи расонаҳои Афғонистон ҳамчунин, аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои ҳомии расонаҳо хостааст, то барои таъмини амнияти хабарнигорон ва озодии онҳо, талошҳои худро афзоиш диҳанд.
Ин созмон таъкид кардааст, ки боздошти хабарнигорон фазои тарсро дар ҷомеаи Афғонистон густариш дода ва раванди иттилоърасонӣ ва дастрасии мардум ба иттилоотро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”