Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Низомии пешини Афғонистон: “Пас аз фирор аз интиқомҷӯии Толибон дар Туркия бо бесарнавиштӣ рӯбарӯ ҳастам”
Яке аз низомиёни пешини Афғонистон мегӯяд, ки пас аз суқути ҳукумати пешин ва фирор аз тарси интиқомгирии гурӯҳи террористии Толибон, акнун дар Туркия бо вазъияти душвор, бесарнавиштӣ ва маҳдудиятҳои шадид аз сӯи идораи муҳоҷирати ин кишвар рӯбарӯ аст.
Ин низомӣ бо номи мустаори Аҳмад рӯзи панҷшанбе, 16-уми апрел дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтааст, ки дар гузашта дар минтақаҳои хос хидмат кардааст ва пас аз тасаллути дубораи Толибон, ночор шудааст Афғонистонро тарк кунад.
Ӯ мегӯяд, ки муддате дар Эрон сипарӣ кардааст, аммо ба далели таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, дар якуми январи 2025 аз Эрон озими Туркия шуда ва пас аз расидан ба марз, тавассути неруҳои амниятӣ боздошт шудааст.
Ба гуфтаи Аҳмад, рафтори неруҳои амниятӣ ва масъулони маркази боздошт бо ӯ ва дигар муҳоҷирон ғайриинсонӣ будааст ва шароити нигаҳдории онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқи башар ҷавобгӯ набудааст.
Аҳмад мегӯяд, бо вуҷуди ироаи ҳуҷҷати низомӣ ва истифодаи се вакил, парвандааш дар муддати як соли боздошт бехулоса мондааст ва дар ниҳоят бидуни дарёфти посухи мушаххас озод шудааст.
Ӯ афзуд, ки Идораи муҳоҷирати вилояти Вони Туркия то кунун барои ӯ иҷозаи кор содир накардааст ва иҷозаи хуруҷ аз ин вилоятро низ намедодааст.
Ин низомии пешин мегӯяд, акнун аз назари равонӣ ва иқтисодӣ дар шароити бисёр душвор қарор дорад ва набуди ҳар гуна чашмандози рӯшан, ӯро дар вазъияти саргардонӣ ва бесарнавиштӣ қарор додааст.
Ин дар ҳолест, ки пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон, бисёре аз низомиёни пешин ба далели тарс аз интиқомҷӯии ин гурӯҳ кишварро тарк карданд ва як теъдоде аз онҳо тавассути Толибон боздошт, шиканҷа ва кушта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”