26 Сентябр 2026,
шанбе, 14:32, Душанбе
10.04.2026 17:09

Расонаи чинӣ: Амрико ба нуқтаи монанд ба фурӯпошии Шӯравӣ наздик мешавад

Нашрияи “Осиё Таймз” (“Asia Times”) дар гузориши таҳлилӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли вуруд ба марҳилае аз буҳрони сохторӣ аст, ки аз бархе ҷиҳатҳо бо солҳои поёнии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қобили муқоиса аст: марҳилае, ки дар он, шикоф миёни сохтори иқтисодӣ ва назми иҷтимоӣ ба тадриҷ мавҷудияти низомро бо чолиш рӯ ба рӯ мекунад.

Ин нашрия афзуд: “Рақобат миёни Амрико ва Шӯравӣ дар қарни XX сирфан рақобати қудрат набуд, балки муқовимати мутафовит дар созмондиҳии иқтисод ва ҷомеа маҳсуб мешуд: яке бар асоси бозор ва дигаре бар асоси барномарезии мутамарказ. Бо ин ҳол, ҳар ду низом дар ниҳоят бо нуқсонҳои дарунии худ мувоҷеҳ шуданд”.

Ба навиштаи ин нашрия, фурӯпошии Шӯравӣ на ба далели заъфи манобеъ ё қудрати низомӣ, балки ба далели нуқсҳои сохтории дарунӣ рух дод: ҷое, ки ҳазфи ангезаҳои иқтисодӣ ба рукуд, исрофи захираҳо ва дар ниҳоят аз байн рафтани эътимоди умумӣ анҷомид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.