27 Сентябр 2026,
якшанбе, 05:46, Душанбе
08.04.2026 09:17

Дабири кулли Созмони Милал аз оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар пайи ақибнишинии Амрико пас аз 40 рӯзи ҷанг бар зидди Эрон, эълом кард, ки аз эълони оташбас миёни Теҳрон ва Вошингтон истиқбол мекунад.

Стефан Дудҷарик, сухангӯи Созмони Милал дар баёнияе, ки дар расонаҳо нашр шудааст, гуфт: “Дабири кулли Созмони Милал аз эълони оташбаси дуҳафтаина тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Эрон истиқбол мекунад. Ӯ аз ҳамаи тарафҳои даргирии феълӣ дар Ховари Миёна мехоҳад, ки ба уҳдадориҳои худ таҳти қонунҳои байналмилалӣ амал кунанд ва аз таъмини оташбас пайравӣ кунанд, то роҳ барои сулҳи пойдор ва ҷомеъ дар минтақа ҳамвор шавад”.

Вай афзуд: “Дабири кулли Созмони Милал таъкид мекунад, ки поён додан ба хусуматҳо барои муҳофизат аз ҷони ғайринизомиён ва коҳиши ранҷҳои инсонӣ зарурӣ аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.