25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
07.04.2026 10:49

Шумори ҷонбохтагон аз рӯйдодҳои табиӣ дар Афғонистон ба 110 тан расид

Шумори талафот бар асари боришоти зиёд, сел, раъду барқ, лағзиши замин ва фурӯ рехтани боми хонаҳо дар Афғонистон ба 110 тан расидааст.

Гурӯҳи террористии Толибон рӯзи душанбе, 6-уми апрел эълом кардаанд, ки тайи 24 соати гузашта, 11 тан дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар ҷон бохта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин рӯйдодҳо тайи 12 рӯзи гузашта рух дода ва дар ин муддат 160 тан низ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Толибон, ҳафт тани дигар то кунун нопадид шудаанд.

Ин гурӯҳ эълом кардааст, ки 958 хона ба таври комил вайрон шуда ва 4 155 хонаи дигар осеби ҷузъӣ дидаанд.

Бар асоси эъломи ин гурӯҳ, беш аз 325 километр роҳ вайрон шуда ва ҳамчунин, заминҳои зироатӣ, каналҳои обёрӣ ва чоҳҳои оби ошомиданӣ низ осеб дидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.