25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
07.04.2026 09:19

Як зан дар Афғонистон панҷгоник ба дунё овард

Шифохонаи “Эмерҷенсӣ” эълом карда, ки як зан дар Афғонистон панҷгоник ба дунё овардааст.

Ин шифохона рӯзи душанбе, 6-уми апрел дар паёме гуфта, ки модари ин навзодон солим аст.

Ба гуфтаи ин шифохона, таваллуди ин навзодон ба сурати норас дар ҳафтаи сиюм рух додааст.

Дар паём омадааст: “Аз ин гаҳвора дар кӯҳҳои Ҳиндукуш умеди мо ин аст, ки навзодон дар канори ҳам дар сулҳ бузург шаванд”.

Ду сол пеш, як зани 18-сола дар Самангони Афғонистон чоргоник ба дунё оварда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.