Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Иддаои Толибон: “Шаш сарбози покистонӣ дар ҳамлаҳои марзӣ дар Хӯст кушта шуданд”
Гурӯҳи террористии Толибон иддао карданд, ки дар ҳамлаҳои марзӣ дар вилояти Хӯст шаш сарбози покистонӣ кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории “Бохтар”-и Афғонистон рӯзи душанбе, 6-уми апрел гузориш дод, ки ин даргирӣ шаби гузашта дар тӯли хатти Девранд рух додааст ва Толибон дар вокуниш ба ҳамлаҳои тарафи покистонӣ, иқдоми дифоӣ анҷом додаанд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки музокирот миёни Толибон ва Покистон дар Чин ҷараён дорад.
Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи гузашта дар нишасти машваратии Толибон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул гуфта буд, ки намояндагони ин гурӯҳ барои ёфтани роҳҳал бо намояндагони Покистон дар Чин дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.
Даргириҳои низомӣ миёни Толибон ва Покистон дар минтақаҳои марзӣ боис ба кушта шудани шумори зиёде аз ғайринизомиён дар Афғонистон шудааст ва бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, ҳазорон тан маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”