Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Пас аз танафуси панҷсола Конор Макгрегор бармегардад
Конор Макгрегор, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки омодаи бозгашт ба майдон аст.
“Ман бармегардам, то ки боз дунёи муҳорибаҳои омехтаро ҷолибу шавқовар кунам”, - навиштааст размкори ирландӣ.
Дар мавриди бозгашти Конор Макгрегорро роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт чунин гуфт: “Бале, мо бозгашти ӯро мехоҳем ва болои ин кор карда истодаем. Ният дорем, ки моҳи июл ӯ ба майдон барояд, аммо то ҳол шартнома имзо нашудааст”.
Дар ин росто расонаҳои варзишӣ ҳамчун рақиби эҳтимолии Конор Макгрегор ду кас Макс Холлоуэй ва Майкл Чендлерро ишора мекунанд.
Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ташкилоти UFC санаи бозгашт ва рақиби Конор Макгрегорро расман эълон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор охирин маротиба соли 2021 ба майдон баромада, тариқи накаути техникӣ аз Дастин Порей шикаст хурд буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад