Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
“Бо иштироки сарояндагони ватанӣ ва хориҷӣ”. «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
4-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ- фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад.
Тавр ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад.
“Барномаи фестивал силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки чорабинии фарҳангӣ- фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» аз соати 15:00 то 22:00 доир мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод