31 Октябр 2026,
шанбе, 09:38, Душанбе
30.03.2026 09:11

Сарвари давлат дар Суғд як қатор иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат дар Суғд як қатор иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд

29-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд сафар карданд.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин

Нахуст Президенти кишвар дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ анҷом дода, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик

Сарвари давлат дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.

Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, ки тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд.

Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид.

Ифтитоҳи фосилавии маркази савдо ва хизматрасонӣ, корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо нашъунамои токзори ҳавозавӣ

Баъди оғоз бахшидан ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот бо фарогирии васеи хизматрасониҳо барои аҳолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷиҳози рӯзгор пешниҳод мегарданд.

Бо фаъол гардидани корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисор, ки барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст, шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди вилоят ба 68 адад расид.

Корхона аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки хатҳои технологӣ тавлиди нави ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, дар кишварҳои минтақа камназир аст. Ин технология метавонад дар як вақт то 200 ҳазор сар парандаро ба таври худкор бо обу ғизо таъмин намояд. Усули нави фаъолият фосила байни чӯҷа ва инсонро зиёд намуда, талафоти мурғро коҳиш медиҳад.

 

Ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин росто, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.

 

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишии “Суғд - арена” дар шаҳри Хуҷанд

Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии “Суғд-арена”-ро бо майдони футбол ба истифода дода, ба бозиҳои варзишии гуруҳи ҷавонони вилояти Суғд шинос шуданд.

Маҷмааи варзишӣ дорои 11 толори барҳаво мебошад, ки толори калонии 1000 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Ин аввалин маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дорои имкониятҳои васеъ барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад ва акнун барои гузаронидани мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мутобиқ ба талабот имкон пайдо шуд.

Дар Маҷмааи варзишии “Суғд-арена” 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Варзишгоҳи маҷмаа 3000 ҷойи нишаст дошта, ҳамчун базаи моддию техникии дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд истифода мегардад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг”-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Суғд саноат холдинг” аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Дар корхонаи саноатӣ шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонида мешавад.

Дар корхонаи нави саноатӣ баъди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ду намуди обҳои ташнашикан истеҳсол карда мешавад. Истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, мувофиқ ба талаботи бозор афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани шумораи кормандон аз ҳадафҳои минбаъдаи соҳибкорон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, лоиҳаҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли макарон, корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, корхонаи коркарди пахта, гармхонаи муосир ва маркази хизматрасонии “Суғд мол” муаррифӣ карда шуд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.