25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
17.03.2026 10:57

Созмони байналмилалии паноҳҷӯён: занони афғон дар Эрон миёни ҷанг ва Толибон дармондаанд

Созмони байналмилалии паноҳҷӯён дар гузорише эълон кардааст, ки занони паноҳҷӯи афғон дар Эрон дар миёни шиддат гирифтани ҷанг ва хатари бозгашт ба Афғонистон таҳти идораи гурӯҳи террористии Толибон амалан “ҷое барои рафтан надоранд”.

Ин ниҳод рӯзи душанбе, 16-уми март гуфтааст, бисёре аз ин занон, ки аз маҳдудиятҳои Толибон гурехтаанд, ҳоло дар Эрон бо хатари ҷанг, табъиз, эҳтимоли боздошт ё ихроҷ ва набудани кумакҳои башардӯстона рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дар гузориш ҳамчунин, омадааст, ки баъзе занон ҳатто барои гурехтан аз вазъияти душвор кӯшиш кардаанд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишварҳои дигар раванд, аммо бо хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла сӯиистифодаи қочоқчиён рӯ ба рӯ шудаанд.

Созмони байналмилалии паноҳҷӯён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аз бозгардонидани иҷбории паноҳҷӯёни афғон дар шароити хатарнок пешгирӣ кунанд ва роҳҳои амн барои интиқоли онҳо ба кишварҳои мизбон фароҳам намоянд.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки агар таваҷҷуҳ ба вазъи паноҳҷӯёни афғон, ба вижа занон ва духтарон, зиёд нашавад, хатари густариши сӯиистифода, қочоқ ва хушунатҳои ҷинсӣ бештар хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.