Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Сухангӯи Толибон: “Покистон шифохонаи дармони нашъамандонро дар Кобул бомбаборон кард”
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гурӯҳи террористии Толибон, эълон кардааст, ки артиши Покистон бори дигар ба ҳудуди Афғонистон “таҷовуз” карда, як шифохонаи дармони нашъамандонро дар Кобул ҳадаф қарор додааст.
Муҷоҳид шоми душанбе, 16-уми март бо нашри як хабарнома гуфтааст, дар натиҷаи ин ҳамла шуморе аз ғайринизомиён, ки бештари онҳо нашъамандоне буданд, ки таҳти табобат қарор доштанд, кушта ва захмӣ шудаанд.
Ӯ ин ҳамларо “ҷиноят” хонда, онро башиддат маҳкум кардааст.
Сухангӯи Толибон афзудааст: “Мо ин ҷиноятро бо шадидтарин ибораҳо маҳкум мекунем ва чунин амалро мухолифи тамоми усулҳои пазируфташуда ва як иқдоми зиддибашарӣ медонем”.
Ин дар ҳолест, ки пештар сокинони Кобул аз рух додани чандин инфиҷор дар бахшҳои гуногуни ин шаҳр хабар дода буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”