Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Толибон муддаии ҳамлаи ҳавоӣ ба Покистон шуданд
Вазорати дифои гурӯҳи террористии Толибон иддао кардааст, ки дар посух ба ҳамлаҳои Покистон, марказҳои низомии ин кишварро дар иёлати Хайбар-Пахтунхво ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.
Ин вазорат рӯзи ҷумъа, 13-уми март бо нашри як навори тасвирӣ аз парвози як “паҳпод” иддао кардааст, ки марказҳои низомии Покистонро дар Куҳот, Хайбар-Пахтунхво, ҳадаф қарор додааст.
Толибон афзудаанд, ки дар ин ҳамла қалъаи низомии Куҳот ва маркази фармондеҳии ҷанг ҳадаф қарор гирифтаанд.
Вазорати дифои Толибон илова кардааст: “Дар ҳамлаҳои ёдшуда, таъсисоти низомӣ, маркази қумондонӣ, депоҳо ва маҳалли буду боши аскарони қалъаи мазкур аз байн рафтааст, ки хисороти ҷонӣ ва молии сангине ба душман ворид намуд”.
Мақомҳои низомии Покистон дар бораи ин ҳамла ҳеч изҳори назар накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Покистон бомдоди ҷумъа вилоятҳои Кобул, Қандаҳор, Пактиё ва Пактикоро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”