25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
12.03.2026 11:50

Сандуқи вижаи эътимоди Афғонистон: Аз соли 2021 то кунун беш аз чаҳор миллион занро кумак кардаем

Сандуқи вижаи эътимоди Афғонистон дар Созмони Милал мегӯяд, ки аз соли 2021 то кунун беш аз чаҳор миллион занро пуштибонӣ кардааст.

Ин сандуқ рӯзи панҷшанбе, 12-уми март дар паёме афзудааст, ки ин теъдод занон ва духтарон аз тариқи барномаҳои пуштибонишуда аз сӯи ин сандуқ ҳимоят шудаанд.

Сандуқи вижаи эътимоди Афғонистон дар Созмони Милал таъкид кардааст, занонро, ки ба ҷомеаи худ кумак мекунанд, пуштибонӣ ва аз онон ҳимоят мекунад.

Ниҳодҳои мухталифи Созмони Милал пас аз соли 2021 ва дар пайи вазъи маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон таваҷҷуҳи бештаре ба занон нишон додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон занон ва духтарони Афғонистонро аз омӯзиш, кор ва озодиҳои фардӣ маҳрум кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.