25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
11.03.2026 14:44

40 кишвар дар як баёнияи муштарак сиёсати саркӯбгаронаи Толибон нисбати занонро маҳкум карданд

Намояндагони 40 кишвар дар Шурои амнияти Созмони Милал дар як баёнияи муштарак сиёсати саркӯбгаронаи гурӯҳи террористии Толибонро маҳкум карданд.

Ин кишварҳо рӯзи чоршанбе, 11-уми март ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии занон, дастгирии худро аз занони Афғонистон эълон карданд.

Ин баёния пеш аз нишасти тавзеҳии Шурои амният дар бораи вазифаи ҳайатҳои муовини Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) дар як нишасти хабарӣ эълон шуда буд.

Ин мавқеъ дар шакли як баёнияи муштарак аз ҷониби кишварҳои дорои "Уҳдадориҳои муштарак дар мавриди занон, сулҳ ва амният" доранд ва аъзои "Гурӯҳи дӯстон оид ба занон, сулҳ ва амният" дар Созмони Милал пешниҳод шудааст.

Ин кишварҳо аз нақзи систематики ҳуқуқи занон ва духтарони Афғонистон интиқод карда ва бо занони Афғонистон эъломи ҳамбастагӣ карданд.

Онҳо таъкид кардаанд, ки маҳрум кардани духтарони Афғонистон аз таҳсил ва кор пайомадҳои ҷиддӣ барои ояндаи Афғонистон хоҳад дошт. 

ЮНАМО дарёфтҳои нави худ гуфтааст, ки дастрасии занон ба адолат дар Афғонистон чор маротиба душвортар аз мардон аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.