Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Ҷопон ба Афғонистон ду миллион доллар кумак кард
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз кумаки 2 миллион долларии Ҷопон барои ҳимоят аз муҳоҷирони баргашта аз Эрон ва Покистон ба Афғонистон хабар додааст.
Ин созмон рӯзи чоршанбе, 11-уми март дар як баёния гуфтааст, ки ин маблағ ба унвони кумакҳои изтирорӣ ба афғонистониҳое, ки аз Эрон ва Покистон бозмегарданд, ҳамчунин, ба ҷомеаҳои мизбони осебпазир дар саросари Афғонистон пешниҳод мешавад.
Тибқи баёния, дар соли 2025 беш аз 2,8 миллион афғонистонӣ аз кишварҳои ҳамсоя бозгаштанд. Бисёре аз онҳо бо дороии ҳадди ақал ва бо ниёзҳои фаврӣ ба сарпаноҳ, ғизо, маишат ва ҳимоят рӯбарӯ шудаанд, бахусус дар ҷомеаҳое, ки қаблан низ зери фишор қарор доштанд.
Дар баёния омадааст, ки як тарҳ ба муддати 10 моҳ иҷро хоҳад шуд ва аз 116 ҳазору 310 нафар дар мантақаҳои бозгашт ҳимоят хоҳад кард.
Ҳамчунин, тавассути ин тарҳ ба ҳудуди 23 ҳазор муҳоҷири баргашта кумакҳои нақдии изтирорӣ дода мешавад.
Бар асоси баёния, ин тарҳ бо авлавиятҳои Ҷопон дар заминаи амнияти инсонӣ, баробарии ҷинсӣ, сулҳсозӣ ва пайванди кумакҳои башардӯстона, рушд ва сулҳ ҳамоҳанг аст.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки аз соли 2023 то кунун беш аз панҷ миллион муҳоҷир ба Афғонистон бозгаштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”