20 Октябр 2026,
сешанбе, 23:18, Душанбе
11.03.2026 07:51

«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оид ба волейбол миёни бонувон ҷамъбаст шуд

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, мусобиқаи мазкур аз 14-уми феврал то 10-уми марти соли равон дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе доир шуд.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур 40 даста бо фарогирии 600 нафар аз вазорату кумитаҳо, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин, дастаҳои бонувони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамин тариқ, миёни бонувони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар байни дастаҳои касбӣ бошад, дастаи бонувони шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовари ҷойи дуюм, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ба гирифтани ҷойи чорум ноил шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ба ғолибон медал, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Иттилоъ дода мешавад, ки ба ҷойҳои якум 18170 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 15620 сомонӣ, ҷойҳои сеюм 10520 сомонӣ ва ҷойҳои чорум диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ дода шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.10.2026 17:36

Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст

Рӯзномаи “Ню-Йорк пост” менависад, ки дар таҳқиқоти нав мақомоти федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иттиҳоми издивоҷи сенатори Конгресси Амрико Илҳон Умар бо бародараш, аз ҷумла ба далелҳои эҳтимолии генетикӣ даст ёфтаанд. Ин рӯзнома навишт, ҳоло “натиҷаҳои ташхиси ДНК ё санадҳои судие, ки ин иддаоро тасдиқ кунад”, ба шакли оммавӣ нашр нашудаанд.
20.10.2026 16:09

Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт

Бар асоси иттилои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ду нафткаш дар гузаргоҳи Ҳурмуз бар асари таркиши минаҳои дарёӣ оташ гирифта ва ҳаракати онҳо аз ҷониби неруҳои Сипоҳи посдорон боздошта шуд.
20.10.2026 14:54

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон: Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неру ҷойгир кардаанд

Абдуллоҳ Ханҷонӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳорот мегӯяд, гурӯҳи террористии Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неруи ҷангӣ ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ дар Панҷшер 700 посгоҳи амниятӣ таъсис додааст.
20.10.2026 14:48

Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад

Хабаргузории “Ройтерз” навишт, Ли Сян, сарвазири Ҷумҳурии халқии Чин аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ҳамкориҳои амниятӣ, табодули иттилооти иктишофӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро густариш диҳад. Ӯ, ҳамчунин, аз Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҷони шаҳрвандони Чин чораҳои қатъӣ андешад.
20.10.2026 12:06

Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст

Расонаҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ дар хусуси ҷанг бо Эрон ва хисороти инфрасохтори энергетикӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс, болоравии нархи нафт ва эҳтимоли идомаи ҷанг таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо дар хусуси баррасии ҳамлаи эҳтимолии Амрико нашр шудааст.
20.10.2026 10:21

Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи "Хуҷанд" бо роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
20.10.2026 10:19

Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад

Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба ҳимояти суботу бозсозии иқтисодии Афғонистон идома хоҳад дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, амнияти Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ робитаи мустақим дорад ва аз ин рӯ, барои аз байн бурдани таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамкории кишварҳои минтақа муҳим мебошад.
20.10.2026 09:21

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон

19-уми октябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
20.10.2026 09:18

Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.