25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
10.03.2026 17:56

Шабакаи ҳимояи занон барои баробарӣ: занони Афғонистон бо вуҷуди маҳрумиятҳо ҳамчунон барои адолат истодагӣ мекунанд

Шабакаи ҳимояи занон барои баробарӣ (WAEN) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан эълом кардааст, ки занони Афғонистон бо вуҷуди маҳрумиятҳои низомманд ва маҳдудиятҳои густарда ҳамчунон барои адолат ва каромати инсонӣ истодагӣ мекунанд.

Ин шабака рӯзи сешанбе, 10-уми март бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ҳамзамон бо 8-уми март ва баргузории ҳафтодумин нишасти Комиссияи мақоми зани Созмони Милал ҳамбастагии худро бо занони афғон эълом мекунад.

Бар асоси баёния, ҳаққи омӯзиш ва кор барои занон дар Афғонистон башиддат маҳдуд шудааст, аз низоми судӣ канор зада шудаанд ва озодиҳои шахсии онҳо коҳиш ёфтааст.

Аъзои ин шабака ҳамчунин, гуфтаанд, ки фурӯпошии иқдомҳои ҳимоят аз қурбониёни хушунати ҷинсиятӣ, масири дастрасии онҳо ба адолатро амалан масдуд кардааст.

Шабакаи ҳимояи занон барои баробарӣ ин вазъиятро “апартеиди ҷинсиятӣ” тавсиф карда ва гуфтааст, ки ба расмият шинохтани он барои ҷилавгирӣ аз одӣ шудани ситам як зарурати ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ аст.

Ин шабака аз Созмони Милал ва кишварҳои узв хостааст, ки мавзуи дастрасии занони Афғонистон ба адолатро дар садри музокироти худ қарор диҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.