25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
10.03.2026 16:30

Тарси Толибон аз як изҳороти шадиди мақоми амрикоӣ: ҳеч шаҳрванди хориҷӣ барои касби имтиёзи сиёсӣ боздошт нашудааст

Гурӯҳи террористии Толибон ба изҳороти мақомҳои амрикоӣ вокуниш нишон дода ва муддаӣ шуданд, ки ҳеч шаҳрванди хориҷиро барои касби имтиёзи сиёсӣ боздошт накардаанд.

Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи сешанбе, 10-уми март дар баёнияе гуфтааст, ки қарор додани ин гурӯҳ ба унвони “ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ” аз ҷониби Вазорати хориҷаи Амрико таассуфбор аст.

Толибон иддао кардаанд, ки бархе шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд ва пас аз адои марҳилаи “қонунӣ” дубора озод шудаанд.

Ба гуфтаи Толибон, ин гурӯҳ дар ҷараёни соли гузашта бархе шаҳрвандони амрикоиро ба ҳусни ният озод кардааст.

Вазорати хориҷаи Толибон гуфтааст, ки дар бораи зиндониёни амрикоӣ бархе гуфтугӯҳо бо миёнаравии давлати Қатар анҷом шуда ва бархе гомҳои мусбат низ бардошта шудааст.

Толибон дар бораи ин иқдомҳо тавсиф накардаанд.

Пештар, Марко Рубио, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфт, ки Толибон аз шеваҳои террористӣ барои боздошти шаҳрвандони дигар кишварҳо ва баҳрагирии сиёсӣ истифода мекунанд.

Ӯ таъкид кардааст, ки Толибонро ба унвони гурӯҳи ҳомии боздоштҳо - иқдомоти ғайриқонунӣ муаррифӣ мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.