Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Таъсиси як академия ва ду донишкада. Таваҷҷуҳи бештар ба сайёҳӣ технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ
Имрӯз, 10-уми март аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам меоранд.
“Таъсиси ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мункин аст”, - омадааст дар шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки дар он ҳадафҳои асосӣ, аз ҷумла, рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои зеҳнӣ дар идоракунии давлатӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод