Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Вазири хориҷии Амрико: Толибон аз равишҳои террористӣ барои касби имтиёзҳои сиёсӣ истифода мекунанд
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мегӯяд, ки Толибон аз равишҳои террористӣ барои касби имтиёзҳои сиёсӣ истифода мекунанд.
Рубио рӯзи сешанбе, 10-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навиштааст, ки Афғонистон зери ҳокимияти Толибонро ба унвони кишвари ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ муаррифӣ мекунад.
Вазири хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки равишҳои Толибон барои касби имтиёзи сиёсӣ ба натиҷа нахоҳад расид.
Ӯ аз Толибон хостааст, тамоми шаҳрвандони амрикоиро, ки ба таври ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, бояд озод кунанд.
Вай ба таври мушаххас аз Маҳмуд Ҳабибӣ ва Деннис Куил ном бурдааст, ки дар зиндони Толибон ба сар мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки Толибон боздошти Маҳмуд Ҳабибӣ, шаҳрванди афғон-амрикоиро, инкор кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”