25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
07.03.2026 14:26

Вазири иттилооти Покистон: “Беш аз 500 ҷангҷӯи Толибонро куштем”

Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон иддао дорад, ки дар тӯли ҳамлаҳои кишвараш алайҳи гурӯҳи террористии Толибон, 527 ҷангҷӯи ин гурӯҳ кушта шудааст.

Тарор рӯзи ҷумъа, 6-уми март иддао кардааст, ки 755 ҷангҷӯи Толибон низ захмӣ шудаанд.

Ӯ афзудааст, ки 237 пости амниятии Толибон тахриб ва 38 пости дигар тасарруф ва нобуд шудаанд.

Афзун бар ин, 205 тонки Толибон низ тахриб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Толибон муддаӣ шудааст, ки тайи 24 соати гузашта беш аз 100 сарбози покистонӣ кушта шудаанд.

Толибон тасреҳ кардаанд, ки Покистон шаби ҷумъа ба бархе вулусволиҳои вилояти Хӯст ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Покистон, 29 макон дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд.

Ҷанги Толибон ва Покистон беш аз як ҳафта тӯл кашида ва ҳамчунон танишҳои низомӣ миёни ду тараф идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.