21 Ноябр 2026,
шанбе, 19:04, Душанбе
05.03.2026 17:40

Чин намояндаи худро барои миёнҷигарӣ дар ҷанг ба Ховари Миёна мефиристад

Чин эълом кардааст, ки намояндаи худро барои миёнҷигарӣ дар ростои таваққуфи ҷанг ба Ховари Миёна мефиристад.

Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи панҷшанбе, 5-уми март, гуфта, ки Ванг И, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бо вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кардааст.

Чин таъкид кардааст, ки наметавонад сирфан назорагари ҷанг бошад ва барои таваққуфи он талош хоҳад кард.

Дар паёми Вазорати хориҷии Чин омадааст: “Чин башиддат аз ҳама тарафҳо мехоҳад, ки амалиёти низомиро мутаваққиф кунанд, ҳарчи зудтар ба гуфтугӯ ва музокирот бозгарданд ва аз ташдиди бештари танишҳо ҷилавгирӣ кунанд”.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои Исроил-Амрико ба Эрон вориди шашумин рӯзи худ шуда ва даргириҳо авҷ гирифтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:46

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.