Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Созмони Милал: 66 ҳазор ғайринизомӣ дар пайи даргирии Толибон ва Покистон овора шуданд
Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, ки даргирии низомӣ миёни Толибон ва Покистон беш аз 66 ҳазор танро дар вилоятҳои марзӣ овора кардааст.
Ин созмон рӯзи панҷшанбе, 5-уми март дар гузорише аз ташдиди даргириҳои низомӣ ва таъсири он бар ғайринизомиён, ба вижа бозгашткунандагон, изҳори нигаронӣ кардааст.
Созмони байналмилалии муҳоҷират таъйид кардааст, ки яке аз марказҳои транзитии бозгашткунандагон дар пайи даргирии низомӣ осеб дидааст.
Дар ин гузориш омадааст: “Танишҳои фузоянда ҳамчунин, хатари афзоиши ҷойивазкунӣ, ихроҷҳо ва бозгаштҳои худҷӯш аз кишварҳои ҳамсояро афзоиш медиҳад, ки фишори бештаре бар вилоятҳои марзӣ ва системаҳои башардӯстона ворид мекунад”.
Ин ниҳод тасреҳ кардааст, бештар хонаводаҳое, ки аз заминларза дар Кунар фирор карда буданд, аз танишҳои ахир осеб дида ва дубора овора шудаанд.
Созмони байналмилалии муҳоҷират аз ду тарафи даргирӣ хостааст, ки ғайринизомиёнро ҳадаф қарор надиҳанд ва аз зерсохтҳои ғайринизомӣ муҳофизат шавад.
Ниҳодҳои мухталифи Созмони Милал аз ташдиди танишҳо миёни Покистон ва гурӯҳи террористии Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”