25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
05.03.2026 10:48

Даргирии Толибон ва Покистон. СММ бори дигар хостори муҳофизат аз ғайринизомиён шуд

Созмони Милали Муттаҳид дар пайи даргирӣ миёни Толибон ва Покистон бори дигар хостори ҳифозат аз ғайринизомиён шудааст.

Ин созмон рӯзи чоршанбе, 4-уми март дар баёнияе гуфтааст, ки ба далели дастрасӣ надоштан ба иттилоот, ҳанӯз наметавонад омори дақиқи талафотро мунташир кунад.

Бар асоси баёния, шуморе аз хонаводаҳо дар шимолу ғарби Афғонистон маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.

Созмони Милал афзудааст, ки амалиёти имдодрасонӣ дар бархе мантақаҳои Хайбар Пахтунхво ба таври муваққат мутаваққиф шудааст, ҳарчанд кумакҳо дар ҷануби ин иёлат идома дорад.

Ин созмон таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии Покистон сабаби талафот ва тахриби хонаҳо шудааст.

Созмони Милал тасреҳ кардааст, ки панҷ тан, аз ҷумла кӯдакон дар наздикии гузаргоҳи Турхам ва ду тани дигар дар вулусволии Нозиёни Нангарҳор захмӣ шудаанд.

Стефан Дюжаррик, сухангӯи Дабири кулли Созмони Милал гуфтааст:

“Ғайринизомиён бояд дар ҳама замонҳо ва ҳамчунин, зерсохтҳои ғайринизомӣ муҳофизат шаванд”.

Пеш аз ин, Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳушдор дода буд, ки даргирӣ миёни ду тараф раванди бозгашти муҳоҷиронро бадтар кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.