Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
04.03.2026 12:41
Покистон бори дигар ба вилояти Пактиёи Афғонистон ҳамла кард
Гурӯҳи террористии Толибон аз ҳамлаи неруҳои покистонӣ бар вилояти Пактиё хабар додаанд.
Радио ва телевизиони миллии зери контроли гурӯҳи террористи Толибон рӯзи чоршанбе, 4-уми март гузориш дода, ки ин ҳамлаҳо шаби гузашта дар вулусволии Самканӣ анҷом шудааст.
Бар асоси гузориш, неруҳои покистонӣ хонаҳои мулкиро ҳадаф қарор додаанд.
То кунун дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти молии ин ҳамлаҳо ҷузъиёти бештаре гузориш нашудааст.
Толибон мегӯянд, ки 110 ғайринизомӣ то кунун дар ҳамлаҳои Покистон бар Афғонистон кушта шудаанд.
Покистон муддаӣ шудааст, ки беш аз 430 ҷангҷӯи Толибонро куштааст.
Бо ин ҳол, Толибон танҳо кушта шудани 28 ҷангҷӯи худро таъйид кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
24.09.2026 16:31
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 16:30
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ба изҳороти Марк Карнӣ, сарвазири Канада, дар бораи суханони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, алайҳи Эрон вокуниш нишон дод.
24.09.2026 16:25
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Як додраси федералии Иёлоти Муттаҳида ба маъмурияти Доналд Трамп дастур дод, ки дастрасии хабарнигорони се расонаи бузурги амрикоӣ ба Кохи сафедро барқарор кунад.
24.09.2026 16:13
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар оғози сафари расмии худ ба Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Пекин ва Вашингтон бояд ба ҷойи рақобат ба шарикӣ ва ҳамкорӣ тамаркуз кунанд.
24.09.2026 16:01
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”.
24.09.2026 15:48
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
Полиси шаҳри Душанбе як сокини 32-соларо ба иттиҳоми ташкил намудани ҷой барои танфурӯшӣ боздошт намудааст.
24.09.2026 15:42
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз бошдошти сокини пойтахт бо гумони қаллобӣ хабар дод.
24.09.2026 14:19
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:23
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бори аввал панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд.
24.09.2026 10:22
Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд
Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.
24.09.2026 09:58
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Аҳмад аш-Шараъ, раиси ҷумҳури муваққати Сурия, таъкид кардааст, ки Баландиҳои Ҷӯлон ҳамчунон хоки Сурия боқӣ хоҳад монд.
24.09.2026 09:50
Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд
Педро Санчес, сарвазири Испания, ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонда ва онро шадидан маҳкум кардааст.