Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Қаламҳои шикаста аз сарнавишти духтаракони Миноб сухан мегӯянд
28-уми феврали соли 2026 офтоб бар Миноб тобид ва кӯчаҳоро аз ҳаёҳуи кӯдакон ва духтараконе пур кард, ки бо либосҳои суннатӣ ва зебои обӣ ва сумка бар китф роҳии мадраса буданд: роҳе, ки ба масири бепоён хатм шуд.
Духтарони минобӣ номе аст, ошно барои мардон ва занони қаҳрамони эронӣ. Духтароне, ки бархе аз онҳо, ки ба синни балоғат расида буданд, шояд шаби қабл ба модаронашон гуфта буданд “фардо рӯза мегирам” ва модарон субҳонаи сода, аммо пур аз ишқ барояшон омода карда буданд.
Субҳ монанди ҳамеша духтаракони гулдонаи дабистони Шаҷараи Тайиба бо либосҳои мураттаб ва мӯйҳои бофташуда вориди ҳавлии мадраса шуданд ва занги аввалро бо шавқи кӯдакона оғоз карданд.
Ҳеч кас намедонист, ин охирин боре аст, ки пои кӯчакашонро бар остонаи мадраса мегузоранд, охирин боре аст, ки дарси машқи шабро менависанд ва охирин боре аст, ки номи “муаллим” бар забони онҳо ҷорӣ мешавад.
Дар синфхонаҳо садои саҳифагардонии китобҳо, садои қаламҳо дар рӯи коғаз ва шояд дуоҳои хурди рӯзадорон фазоеро пур аз бегуноҳӣ карда буд, ки гӯё фариштагонро аз осмон овардааст.
Тақрибан соати 9:30-и субҳ осмон ногаҳон фарёд зад ва дӯзах ба замин фуруд омад. Мушакҳои режими саҳюнистӣ-амрикоӣ, ки иддао мекарданд, танҳо сохторҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳанд, ҷасадҳои хурдтарин ва бегуноҳи шаҳрвандони Эронро дар оғӯши хун ба замин гузоштанд.
Аз байни харобаҳои мактаби Шаҷараи Тайиба садҳо қалам ва қаламдон ёфт шуданд. Қаламҳое, ки шояд то ҳол ранг доштанд, қаламҳое, ки гӯё то ҳол нӯгҳои тез доранд ва метавонистанд калимаҳои зебои зиёде нависанд. Баъзеи онҳо дар паҳлӯи дастони хурде хобида буданд, ки дигар қуввати нигоҳ доштани онҳоро надоштанд.
Дар яке аз қаламҳо нишонаҳои дандон буданд, шояд кӯдаке одати газидани нӯги қаламро дошт: вақте ки дар бораи муаммои математикӣ фикр мекард. Акнун, ки қалам бе соҳиб монда буд, ба назар чунин менамуд, ки он далели одати зебои соҳибаш буд.
Баъзеи дигар дар байни китобҳои дарсӣ монданд, гӯё мунтазири бозгашти соҳибашон ва навиштани ин суханон буданд: “Эрон, ман туро дӯст медорам”.
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид