Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Созмони Милал дар бораи пайомадҳои ҳамла ба Эрон ҳушдор дод
Том Флетчер, муовини Дабири кулли Созмони Милал дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи кумаки таъҷилӣ нисбат ба пайомадҳои ҳамла ба Эрон ҳушдор дод.
Вай таъкид кард: “Дар ҳоле, ки ғайринизомиён аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хонаҳо, бемористонҳо ва мактабу донишгоҳҳо дар саросари минтақа ранҷ мебаранд, хушунати пайваста, тавоноии Созмони Милали Муттаҳид барои посухгӯиро маҳдуд мекунад.
Пайомадҳои инсонии дорои ташдиди хушунат дар Ховари Миёна нигаронкунанда аст ва ғайринизомиён дар саросари минтақа баҳои онро мепардозанд ва бояд комилан муҳофизат шаванд. Бо ин ҳол, ҳамлаҳо ба хонаҳо, бемористонҳо ва мактабу донишгоҳҳо осеб мерасонад”.
Ӯ ҳамчунин, ҳушдор дод, ки агар масирҳои энергия ё роҳҳои дарёӣ монанди тангаи Ҳурмуз баста шаванд, қимати маводи ғизоӣ афзоиш хоҳад ёфта, системаҳои тандурустӣ таҳти фишор қарор хоҳанд гирифт ва таъмини маводҳои асосӣ дар кишварҳое, ки ба воридот вобаста ҳастанд бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид