Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Толибон кушта шудани 28 ҷангҷӯи худро дар даргирӣ бо Покистон тасдиқ карданд
Вазорати дифои гурӯҳи террористии Толибон таъйид кардааст, ки 28 ҷангҷӯи ин гурӯҳ дар таниши низомӣ бо Покистон кушта шудаанд.
Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои Толибон, рӯзи сешанбе, 3-юми март дар як нишасти хабарӣ афзудааст, ки наздики 40 ҷангҷӯи дигар захмӣ шудаанд.
Ӯ ҳамчунин, иддао кардааст, ки аз оғози даргириҳо то кунун беш аз 130 низомии покистонӣ кушта ва ҳудуди 200 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, наздики 40 постгоҳи низомии Покистон ба дасти Толибон афтодааст.
Ин дар ҳолест, ки Покистон иддао дорад дар ҷараёни даргириҳо ҳудуди 430 ҷангҷӯи Толибонро куштааст.
Даргирии низомӣ миёни гурӯҳи террористии Толибон ва Покистон вориди шашумин рӯз шуда ва ҳамчунон идома дорад.
Бо ин ҳол, Покистон се субҳи пайдарпай мавқеъҳои низомии Толибонро дар Кобул бомбаборон кардааст ва садои инфиҷор ва тирпарронӣ шунида шудааст.
Ҳамзамон, дафтари Ҳайати муовинати Созмони Милал дар Афғонистон (ЮНАМА) шумори талафоти ғайринизомиёнро 42 нафар эълом кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”