25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
03.03.2026 10:39

Толибон муддаии куштани се неруи покистонӣ дар Спин-Булдаки Қандаҳор шуданд

Гурӯҳи террористии Толибон муддаӣ шудаанд, ки тайи ҳамлае бар неруҳои покистонӣ дар Спин-Булдаки Қандаҳор се танро кушта ва як танро асир гирифтаанд.

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои гурӯҳи террористии Толибон рӯзи сешанбе, 3-уми март гуфтааст, ки ин ҳамла дар минтақаи Сарвоҷаҳони вулусволии Спин-Булдаки Қандаҳор анҷом шудааст.

Толибон иддао кардаанд, ки дар ин ҳамла як пости амниятии покистонӣ низ тасарруф шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятии Покистон муддаӣ шудаанд, ки то кунун беш аз 400 ҷангҷӯи Толибонро куштаанд.

Наздик ба як ҳафта мешавад, ки ҷанг миёни Толибон ва Покистон идома дорад ва Покистон шаҳрҳои мухталифи Афғонистонро бомбаборон кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.