25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
02.03.2026 12:12

Ҷабҳаи муқовимат муддаии куштани се ҷангҷӯи Толибон дар Кундуз шуд

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки се ҷангҷӯи гурӯҳи террористии Толибонро дар вилояти Кундуз куштааст.

Ин ҷабҳа рӯзи душанбе, 2-уми март дар хабарномае гуфтааст, ки ин амалиёт дар шоҳроҳи Кундуз–Алиобод, дар минтақаи Ангурбоғ анҷом шудааст.

Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимат, ин ҳамла бар мошини ҳомили Толибон анҷом шудааст.

Ҷабҳаи муқовимат афзудааст, ки ба ғайринизомиён ва неруҳои ин ҷабҳа осебе нарасидааст.

Ҷабҳаҳои зидди Толибон гоҳ-гоҳе масъулияти ҳамлаҳо бар ин гурӯҳро дар вилоятҳои мухталиф бар уҳда мегиранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.