25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
02.03.2026 12:02

Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи вижае дар бораи Афғонистон баргузор мекунад

Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки ҷаласаи вижае дар бораи вазъияти Афғонистон баргузор хоҳад кард.

Хабаргузории кумакрасонии Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи якшанбе, 1-уми март гузориш додааст, ки ин шуро ҳамчунин, дар таърихи 15-уми март нишасти ҷудогонае барои баррасии маъмуриятҳо ва фаъолиятҳои худ дар ин кишвар баргузор мекунад.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре дар бораи дастури кор ё ширкаткунандагони ин ҷаласаҳо нашр нашудааст.

Шурои амният ба таври мунтазам вазъияти амниятӣ ва иҷтимоии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва дар бораи ҳамоҳангии талошҳои Созмони Милал барои ҳимоят аз ҳукумат, ҳуқуқи башар ва барномаҳои тавсеа дар кишвар баҳс мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.