Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп ҳамлаҳои Покистон бар Толибонро “фавқулода” тавсиф кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои ҳавоии Покистон бар гурӯҳи террористии Толибонро “фавқулода” унвон кардааст.
Трамп рӯзи ҷумъа, 27-уми феврал дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи даргирӣ миёни Исломобод ва Толибон, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, раиси Ситоди артиши ин кишварро “раҳбарони бузург” хондааст.
Трамп гуфтааст, ки дар даргирӣ миёни Покистон ва Толибон мудохила хоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки бо Покистон муомила карда метавонад ва ба раҳбарони он эҳтиром дорад.
Ӯ ба хабарнигорон гуфтааст: “Ман мудохила хоҳам кард. Аммо бо Покистон бисёр хуб муомила карда метавонам. Онҳо як нахуствазири олӣ, як генерали олӣ доранд. Як раҳбари бузург доранд. Ду нафаре, ки воқеан эҳтироми зиёде барояшон қоилам. Покистон амалкарди фавқулодае дорад”.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати корҳои хориҷии Амрико бар ҳаққи Покистон барои дифоъ аз худ таъкид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои минтақа аз даргирӣ миёни Толибон ва Покистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка