Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Идомаи даргирии Толибон ва Покистон. Русия бори дигар хостори гуфтугӯ шуд
Вазорати корҳои хориҷаи Русия пас аз даргирии шадид миёни ҷангҷӯёни Толибон ва марзбонони Покистон ва ҳамзамон ҳамлаҳои ҳавоии Покистон бар Кобул ва бархе дигар аз вилоятҳо, хостори азсаргирии гуфтугӯ миёни ду тараф шуд.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, рӯзи ҷумъа, 27-уми феврал дар саҳифаи “Икс” навишта, ки ин кишвар нигарони ташдиди даргириҳои мусаллаҳона миёни Толибон ва Покистон аст.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз Покистон ва Толибон хоста аст “рӯёрӯии хатарнок”-ро канор гузошта ва ихтилофоти худро аз тариқи роҳкорҳои сиёсӣ ва дипломатия ҳал кунанд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки шаби гузашта Покистон пас аз ҳамлаҳои Толибон ба посгоҳҳои неруҳои амниятии ин кишвар дар имтидоди хати Диюранд, бахшҳое аз Кобул, Қандаҳор ва Пактикоро бомбаборон кард.
Ҳамчунин, Покистон имрӯз бо бомбаборон, пойгоҳҳои низомии Толибон дар вилоятҳои Пактиё ва Хӯстро ҳадаф қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”