3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
27.02.2026 15:37

Лаҳистон: бояд барои ҷанги бузург омода шавем

Вазири хориҷаи Лаҳистон бо ишора ба ғайриқобили эътимод будани сиёсати Амрико, аз мардуми кишвараш хост барои ҷанги бузург омода шаванд.

Ба гузориши “ТАСС”, Радослав Сикорский, вазири корҳои хориҷаи Лаҳистон тайи суханронӣ дар порлумони ин кишвар, аз мардуми Лаҳистон хост худро барои ҷанги бисёр густарда омода кунанд, ки бобоҳо ва ниёконашон онро таҷриба карда буданд.

Сикорский ба арзёбиҳои сервисҳои иттилоотии бархе кишварҳои ғарбӣ ишора кард, ки бар асоси онҳо, Русия гӯё мумкин аст дар ояндаи наздик ба кишварҳои узви НАТО ҳамла кунад. Вай ҳамчунин, ба афзоиши шумори иқдомҳои харобкорона дар хоки Аврупо, аз ҷумла дар Лаҳистон ва ҳатто ба ҳодисаи вуруди як паҳпод ба ҳарими ҳавоии ин кишвар ишора кард.

Раиси дастгоҳи дипломатияи Лаҳистон дар ин робита ҳушдор дод, ки бояд барои ҷанге “дар чунон миқёсе, ки падарбузургҳо ва ниёкони мо таҷриба карда буданд” омода шуд. Ба гуфтаи ӯ, дарки хатар метавонад ё сабабгори фалаҷ шудан шавад ё ба ваҳдат бианҷомад, албатта Лаҳистон наметавонад иҷоза диҳад дучори “фалаҷ” шавад ва бо ин тасаввур ки ин “ҷанги ӯ нест” ором бигирад.

Вазири корҳои хориҷаи Лаҳистон таъкид кард, ки Варшава бояд тағйирот дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро бо нигоҳи воқеъбинона арзёбӣ кунад, зеро манофеи миллии Амрико ҳамвора ба таври комил бо манофеи Лаҳистон ҳамсӯ нест.

Радослав Сикорский дар суханронии худ дар порлумон гуфт: “Мо муттаҳидони вафодори Амрико буда, ҳастем ва хоҳем монд, вале наметавонем беш аз ҳад соддалавҳ бошем. Бояд бипазирем, ки Амрико дар ҳоли тағйир аст. Мо ё метавонем воқеиятҳоро бипазирем ва баробар бо он омода шавем ё чашмҳо ва гӯшҳои худро бибандем”.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти давлати кунунии Амрико муҳофизат аз манофеи худ дар нимкураи ғарбӣ ва минтақаи Ҳинд - Уқёнуси Ором аст ва дар чунин рӯйкард Аврупо ба авлавияти дувум табдил мешавад ва Вашингтон Русияро ба унвони “шарики пурқудрат барои бозтанзими иқтисодӣ” дар назар мегирад. Вай ёдовар шуд, ки Аврупо муддати зиёде аз “суди сулҳ” баҳраманд будааст ва акнун бояд масъулияти бештаре дар баробари таъмини амнияти худ бар уҳда бигирад.

Муноқишаи Украина барандаи рӯёрӯии Русия ва Иттиҳоди Аврупоро таъйин хоҳад кард

Раиси дастгоҳи дипломатияи Лаҳистон ҳамчунин, изҳори ақида кард, ки поёни даргирии низомӣ дар Украина бояд барандаи рақобат байни Русия ва Иттиҳоди Аврупоро мушаххас кунад. Ба гуфтаи ӯ, мавзеи Варшава дар ин замина равшан аст, зеро сарнавишти ин муноқиша танҳо ба амнияти минтақаи Аврупо маҳдуд намешавад.

Сикорский афзуд: “Ин даргирӣ мушаххас хоҳад кард, ки кадом бозигар ба севумин сутуни тавозуни ҷадиди қудрати ҷаҳонӣ, дар канори Иёлоти Муттаҳида ва Чин, табдил хоҳад шуд. Оё ин Русия хоҳад буд ё Иттиҳоди Аврупо”.

Сикорский дар миёнаи моҳи феврал низ нисбат ба ҳаққи Вашингтон, ки аз ироаи ҳимояти низомӣ ба Киев худдорӣ кард, барои ифои нақши меҳварӣ дар раванди музокироти даргирӣ изҳори шубҳа карда буд. Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти тарафи амрикоӣ барои таъмини молии неруҳои мусаллаҳи Украина наздик ба сифр аст ва дурнамои равшане барои ироаи бастаҳои ҷадиди кумак ба Киев вуҷуд надорад. Вай бо истинод ба ин мавзуъ таъкид кард, ки тарафи аврупоӣ, ки дар ин даргирӣ сармоягузории сангин карда, шоистаи ҳузур бар сари мизи музокирот аст. Зеро натиҷаи он мустақиман бар амнияти Аврупо таъсир хоҳад гузошт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.