25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
26.02.2026 17:30

Ҷопон беш аз чаҳор миллион доллар ба Афғонистон кумак кард

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз кумаки 4,4 миллион долларии давлати Ҷопон ба Афғонистон хабар додааст.

ЮНИСЕФ рӯзи панҷшанбе, 26-уми феврал дар гузорише гуфта аст, ки ин маблағ ба сокинони осебдида аз вазъиятҳои изтирорӣ ва балоҳои табиӣ ихтисос меёбад.

Тибқи гузориш, ин маблағ имкони ироаи хадамоти наҷотбахш ба 90 ҳазор танро фароҳам мекунад, ки нисфи онҳо кӯдакон ҳастанд.

ЮНИСЕФ гуфта аст, ки дар соли 2025 беш аз 2,8 миллион тан аз Эрон ва Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд, ки ҳудуди 90 дарсади онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ омада аст: “Буҳронҳои пайдарпай, созукорҳои асосии муҳофизат аз кӯдакон дар Афғонистонро тазъиф карда аст”.

Сафири Ҷопон дар Афғонистон гуфта аст, ки кишвараш дар канори мардуми Афғонистон истода ва ба вижа аз кӯдакон ва занон дар баробари чолишҳо ҳимоят мекунад.

Ҷопон пештар низ ҳудуди чаҳор миллион доллар ба Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Афғонистон кумак карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.