Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Макрон истеъфои раиси Осорхонаи Луврро пас аз дуздии миллионҳо доллар пазируфт
Эммануел Макрон, президенти Фаронса истеъфои раиси Осорхонаи Луврро дар пайи дуздии бузурги ҷавоҳирот ва афзоиши интиқодҳо аз мудирияти ин ниҳоди фарҳангӣ пазируфтааст.
Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса шаби сешанбе, 24 –уми феврал эълом кард, ки Лоранс Декар истеъфои худро ба Макрон пешниҳод кардааст ва ин истеъфо мавриди қабул қарор гирифтааст.
Дар баёнияи раёсати ҷумҳурӣ омадааст, ки Макрон ин иқдомро “ҳаракати масъулона дар замоне, ки бузургтарин осорхонаи ҷаҳон ба оромиш ва неруи тоза барои пешбурди лоиҳаҳои муҳимми амниятӣ ва навсозӣ ниёз дорад” тавсиф кардааст.
Дуздии ҷавоҳироте ба арзиши ҳудуди 102 миллион доллар дар моҳи октябр, ки то кунун бозёфт нашудаанд, мавҷи интиқодҳоро нисбат ба вазъияти амниятии Лувр барангехт ва холигиҳои ҷиддӣ дар низомҳои муҳофизатии онро ошкор сохт.
Ҳамзамон, эътирозҳои кормандон аз моҳи декабр бар сари маош ва шароити корӣ боиси баста шудани такрории Осорхона шуда ва бар мушкилоти мудириятии он афзудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка