25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
25.02.2026 09:51

Толибон аз оғози таҳқиқоти лоиҳаи Ҳавзаи нафти “Афғон–тоҷик” дар шимоли Афғонистон хабар доданд

Вазорати маъдан ва нафти гурӯҳи террористии Толибон эълом кардааст, ки таҳқиқоти лоиҳаи Ҳавзаи нафти Афғон–тоҷик дар шимоли ин кишвар аз сӯи як ширкати ӯзбекистонӣ оғоз шудааст.

Ин вазорат рӯзи чоршанбе, 25-уми феврал дар як хабарнома гуфтааст, ки ин лоиҳа дар вилояти Балх ва дар се блоки нафтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тибқи хабарномаи Толибон, таҳқиқоти ин лоиҳа дар блокҳои Майдони Муҳаммадҷон, Аҳмадобод ва Шамар аз сӯи ширкати ӯзбекистонии “Авизсиз” оғоз шудааст.

Толибон мегӯянд, ки маҷмуи масоҳати ин блокҳои нафтӣ ба 7 ҳазору 617 километри мураббаъ мерасад.

Дар хабарнома омадааст: “Ҳавзаи “Афғон–тоҷик” дар шимоли кишвар яке аз ҳавзаҳои бузург ва кашфшудаи нафтӣ аст, ки аз миёни маҷмуи ёздаҳ блоки он, танҳо дар блокҳои Майдони Муҳаммадҷон, Аҳмадобод ва Шамар, ки дар маҷмуъ 7 ҳазору 617 километри мураббаъ масоҳат доранд, таҳқиқот аз сӯи ширкати “Авизсиз” анҷом хоҳад шуд”.

Толибон тайи чаҳор соли гузашта истихроҷи маъдани бузург ва мухталифи Афғонистонро оғоз кардаанд.

Шаҳрвандон мегӯянд, ки Толибон давлатдории қонунии дохилӣ ва хориҷӣ надоранд ва истихроҷи маъдан аз сӯи онҳо ғайриқонунӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.