Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Барномаи ҷаҳонии озуқа: барои миллионҳо тан дар Афғонистон Рамазон бо гуруснагӣ оғоз шуд
Барномаи ҷаҳонии озуқа (World Food Programme) мегӯяд, ки миллионҳо тан дар Афғонистон моҳи Рамазонро бо гуруснагӣ оғоз кардаанд.
Ин барнома рӯзи сешанбе, 24-уми феврал таъкид кардааст, ки бо ҳамкорӣ бо шарикони худ дар таъмини ғизои мавриди ниёзи хонаводаҳо кумак мерасонад.
Барномаи ҷаҳонии озуқа афзудааст: “Дар кишваре, ки 17 миллион тан бо гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд, моҳи Рамазон, ки замони тааммул ва бахшиш аст, фишори бештаре эҷод мекунад”.
Ин барнома гуфтааст, ки бисёре аз мардум бидуни даромади қобили эътимод, пас аз солҳои мушкилоти иқтисодӣ, хушксолӣ ва дастрасии маҳдуд ба хидматрасониҳо вориди моҳи Рамазон мешаванд.
Барномаи ҷаҳонии озуқа илова кардааст: “Кӯдакон, инчунин, занони ҳомила ва ширдеҳ, ки осебпазиртарин гурӯҳҳо ҳастанд, ғизои вижа дарёфт мекунанд. Аммо ин кумакҳо ҳоло бо коҳиши буҷа рӯбарӯ ҳастанд ва миллионҳо афғонро, ки ба он башиддат ниёз доранд, таҳдид мекунанд”.
Ниҳодҳои мухталифи Созмони Милал ҳушдор додаанд, ки 17 миллион тан дар Афғонистон ба кумакҳои наҷотбахш ниёз доранд.
Моҳи Рамазон дар ҳоле фаро расидааст, ки қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”