Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Русия: аз 20 то 23 ҳазор ҷангҷӯи террористӣ дар Афғонистон хориҷӣ ҳастанд
Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар гузорише дар бораи вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистон гуфтааст, ки авзои ин кишвар ҳамчунон печида ва душвор аст ва фаъолияти шабакаҳои террористӣ аслитарин омили бесуботӣ маҳсуб мешавад.
Сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи душанбе, 23-уми феврал бо нашри гузорише гуфта, бар асоси баррасиҳои расмӣ теъдоди кулли ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар хоки Афғонистон байни 20 то 23 ҳазор тан аст, ки аксари онҳо хориҷӣ ҳастанд.
Ин гурӯҳҳо шомили “Шохаи Хуросони Давлати Исломӣ” бо ҳудуди се ҳазор тан, “Таҳрики Толибони Покистон” бо панҷ то ҳафт ҳазор тан, “Ал-Қоида” бо 400 то 1500 тан, “Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ” бо 300 то 1200 тан, “Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон” (ки ба “Ҳизби исломии Туркистон” тағйири ном додааст) бо 150 то 500 тан ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бо 150 то 250 тан ҳастанд.
Дар гузориш омадааст, ки танҳо гурӯҳи террористии фаъол алайҳи Толибон, шохаи ДОИШ - “Вилояти Хуросон” аст, ки урдугоҳҳо ва пойгоҳҳое дар шарқ ва шимолу шарқи Афғонистон дорад ва қасди нуфуз ба Осиёи Марказӣ барои эҷоди “Хилофати исломи”-ро дорад.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки авзои низомӣ–сиёсии Афғонистон ҳамчунон осебпазир аст ва ҳифзи суботи ин кишвар ниёзманди таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардум мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”