25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
23.02.2026 16:19

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ се узви Толибонро дар Қундуз куштааст

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муддаӣ шудааст, ки дар як амалиёти ҳадафманд бар як нақлиёти гурӯҳи террористии Толибон дар Қундуз, се узви ин гурӯҳ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҷабҳа шоми якшанбе, 22-уми феврал бо нашри хабарномае гуфтааст, ки амалиёт ҳудуди соати 7-и шаби шанбе дар минтақаи Бандар-Кобул ва наздикии майдони ҳавоии Қундуз анҷом шудааст.

Дар хабарнома омадааст, ки дар ин ҳамла ба неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ғайринизомиён осебе нарасидааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъкид кардааст, ки неруҳояш ҳамлаҳои ҳадафманди худро дар нуқоти мухталифи Афғонистон алайҳи Толибон бо ҳадафи раҳоии Афғонистон аз султаи ин “гурӯҳи террористӣ” идома медиҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.