Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Толибон: Дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон бар Нангарҳор аъзои бадани бештари қурбониён аз байн рафтааст
Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон эълон кардааст, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон бар вилояти Нангарҳор танҳо чеҳраи чанд тан аз қурбониён солим боқӣ монда ва 13 тани дигар, ки бештарашон занону кӯдакон буданд, аъзои баданашон аз байн рафтааст.
Фитрат рӯзи якшанбе, 22-уми феврал дар саҳифаи “Икс” навиштааст, ки узвҳои бадани қурбониён ҷамъоварӣ шуда ва ҳеч яке аз аъзои онҳо солим намондааст.
Ӯ афзудааст, ки Покистон иддао карда буд ин ҳамла бар террористҳо сурат гирифтааст, аммо қурбониёни воқеӣ мардуми одӣ ҳастанд.
Фитрат бо ишора ба ҷасадҳои қурбониён гуфтааст: “Инҳо ҳамон террористҳо ҳастанд, ки режими низомии Покистон дирӯз иддао карда буд бар онҳо ҳамла кардааст”.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Осиф Дурронӣ, намояндаи пешини Покистон дар Афғонистон гуфта буд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ бар махфигоҳҳои Таҳрики Толибони Покистон ва гурӯҳи ДОИШ паёми рӯшан ва санҷида барои Толибони афғон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”