Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мертс: “Иҷоза намедиҳем ростгароёни ифротӣ Олмонро вайрон кунанд”
Фридрих Мертс, сарвазири Олмон эълом кардааст, ки иҷоза нахоҳад дод Ҳизби ростгарои ифротии “Alternative for Germany” ин кишварро “вайрон” кунад.
Мертс рӯзи ҷумъа, 20-уми феврал дар анҷумани ҳизби Christian Democratic Union дар Штутгарт гуфтааст, низоми пойбанд бар қонуне, ки пештар вуҷуд дошт, дигар побарҷо нест ва Олмон бояд барои фазои нави рақобати қудратҳои бузург омода шавад.
Ӯ гуфтааст, ки ҳизби “Бадил барои Олмон” набояд фурсат ёбад ба суботи кишвар осеб расонад ва бар зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, коҳиши бюрократия ва поин овардани маблағгузории энергия таъкид кардааст.
Мертс ҳамчунин, пазируфтааст, ки раванди иҷрои ислоҳот пас аз интихоботи соли гузашта кундтар аз интизор пеш рафтааст, аммо ваъда додааст, ки ислоҳи низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва бознишастагӣ дар дастури кор қарор дорад.
Бар асоси гузоришҳо, ӯ дар поёни анҷуман бо касби 91 дарсади овоз бори дигар ба ҳайси раиси ҳизб интихоб шудааст.
Интихоботҳои иёлатии Олмон аз моҳи оянда оғоз мешавад ва Ҳизби ростгарои ифротӣ дар бархе иёлатҳо дар пайи касби нахустин пирӯзии худ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка