25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
21.02.2026 10:13

Гаштзании ҳавопаймоҳои бесарнишин дар осмони Хӯсти Афғонистон

Расонаҳои Афғонистон аз гаштзании ҳавопаймоҳои бесарнишин дар осмони вилояти Хӯст хабар медиҳанд.

Манобеъ ба рӯзномаи “8-и субҳ”-и ин кишвар гуфтааст, ки ин ҳавопаймоҳо ҳудуди асри рӯзи ҷумъа, 20-уми феврал дар маркази Хӯст ва бархе аз ноҳияҳои он дида шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳо, ин ҳавопаймоҳо ҳамчунон дар ҳоли гаштзанӣ ҳастанд.

Мушаххас нест, ки ин ҳавопаймоҳо мутааллиқ ба кадом кишвар ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин, ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон бархе аз ноҳияҳои Хӯстро бомбаборон карда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.