25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
21.02.2026 10:06

Фурӯғ Каримӣ, нависандаи афғонитабори ҳолландӣ, барандаи ҷоизае дар Ҳолланд шуд

Фурӯғ Каримӣ, нависандаи афғонитабори ҳолландӣ, барандаи “Ҷоизаи китобфурӯшони Ҳолланд” дар соли 2026 шудааст.

Баргузоркунандагони ин ҷоиза шоми панҷшанбе, 19-уми феврал эълом кардаанд, ки асари “Дар чашмонам абрҳоро ҳамл мекунам”-и Каримӣ аз сӯи ҳайати доварон ҳамчун асари баргузидаи сол интихоб шудааст.

Бар асоси гузориши ҳайати доварон, ин роман асари “фаврӣ, дилхарош ва бо сохтори санҷида” тавсиф шуда ва омадааст, ки Каримӣ бо ин асар ба паноҳандагон садо бахшида ва ровии тавоно аст.

Романи “Дар чашмонам абрҳоро ҳамл мекунам” севумин асари достонии Каримӣ мебошад.

Ин асар дар бораи равонпизишке ба номи Вида аст, ки дар 15-солагӣ аз Кобул ба Ҳолланд паноҳ бурда ва дар он ҷо зиндагии тозае сохтааст.

Ҷоизаи китобфурӯшони Ҳолланд ҳар сол ба як китоби аслии ҳолландизабон эҳдо мешавад, ки ба бовари китобфурӯшон шоистаи хонандагони густурдатар аст.

Фурӯғ Каримӣ соли 1971 дар Кобул ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1996 ва дар 25-солагӣ ба далели ҷанг Афғонистонро тарк карда, ба Ҳолланд паноҳанда шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.